Пиряххо дар нигох доштани устувории иклим ва таъмини миллиардхо одамон бо оби тоза накши калиди доранд. Аммо, гармшавии глобали боиси обшавии босуръати онхо мегардад ва мушкилоти экологи ва ичтимоиро ба вучуд меорад. Бо ташаббуси Точикистон Созмони Милали Муттахид соли 2025-ро соли Байналмилалии хифзи пиряххо эълон намуд.

Пиряххо такрибан 70% захирахои оби ширини чахонро дар бар мегиранд, онхо дарёхоро таъмин мекунанд, оби нушокиро таъмин мекунанд ва дар хочагии кишлок истифода мешаванд. Зиёда аз 2 миллиард нафар одамон аз ин манбаъхои об вобастаанд.
Аммо пиряххо нишондихандахои хассоси тагйирёбии иклим мебошанд. Аз сабаби афзоиши харорати чахони, обшавии онхо суръат мегирад, ки боиси кам шудани захирахои об, тагйирёбии давраи об ва баланд шудани сатхи бахр мегардад.
Дар Точикистон беш аз 14 хазор пирях мавчуд аст, ки дар обтаъминкунии Минтакаи Осиёи Маркази накши калиди доранд. Аммо дар солхои охир шумораи зиёди пиряххо пурра об шуданд. Нобудшавии босуръати пиряххо ба суботи экологи ва иктисодии кишвар ва минтака тахдид мекунад.
Бо эътирофи микёси мушкилот, Точикистон ташаббуси баргузории соли байналмилалии хифзи пиряххоро барои чалби таваччухи чомеаи чахони ба ин тахдид ба миён овард. Дар доираи сол чорабинихое ба накша гирифта шудаанд, ки ба баланд бардоштани огохи, рушди хамкори ва чори намудани равишхои нав ба хифзи пиряххо равона намуда шудаанд.
Яке аз чорабинихои маркази конфронси байналмилали дар Душанбе хохад буд.
Коршиносон зарурати амалхои зеринро таъкид мекунанд: кохиш додани партовхои газхои гулхонаи барои суст намудани гармшавии глобали, мониторинги холати пиряххо ва ташкили минтакахои мухофизатшаванда, тахияи системахои идоракунии захирахои об, истифодаи тахкикоти илми ва донишхои буми барои мутобик шудан ба тагйирот.
Хифзи пиряххо вазифаест, ки кушишхои муштараки тамоми кишвархоро талаб мекунад. Дар соли 2025, чахон имконияти беназире пайдо мекунад, ки на танхо микёси мушкилотро омузад, балки роххои халли худро барои нигох доштани ин манбаи хаётан мухим барои наслхои оянда пайдо кунад.
АКСХО: сомонаи СММ