Ҳайати Узбекистон бо сарварии Вазири кишоварзӣ Иброҳим Абдураҳмонов ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар ҷараени сафар ҳайат бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот карда, заминҳои кишоварзиро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз назар гузаронд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд меҳмонон бо вазъи кишоварзии минтақа шинос шуда, самаранокии истифодаи замин ва рушди зироатҳоро арзебӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба бахши аграрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, кӯшиш менамояд, ки аз захираҳои дастрас барои таъмини амнияти озуқаворӣ бештар истифода барад.
Ҳангоми гуфтушунидҳо ҳарду ҷониб дурнамои ҳамкориро дар самтҳо, аз қабили истеҳсоли тухми гандум, бунеди боғҳои суперинтенсивӣ ва ҷорӣ намудани оберии қатрагӣ баррасӣ карданд. Мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба ҳамкасбони худ дар бораи захираҳо ва имкониятҳои кишвар маълумот пешниҳод карданд.
Дар анҷоми сафар дар меҳмонхонаи “Суғдиен” мулоқоти кории мутахассисони хоҷагии қишлоқи ҳарду кишвар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди бахши аграрӣ баррасӣ шуданд.
Акс: аз манъбахои озод