Дар Тоҷикистон флешмоби ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хизмат ба Ватан — баландтарин шараф аст!» баргузор мегардад – ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон флешмоби ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хизмат ба Ватан — баландтарин шараф аст!» баргузор мегардад

Душанбе, 04 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани ифтихори миллӣ, тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон флешмоби ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хизмат ба Ватан — баландтарин шараф аст!» баргузор мешавад.

Ташаббус ба муттаҳид сохтани ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан равона гардида, инчунин саҳмгузории фаъолро дар ободию пешрафти кишвар тарғиб менамояд.

Дар доираи флешмоб ҷавонон ҳамчун неруи асосии ҷомеа ба иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар сохтани фардои дурахшони Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Ҳар ҷавон — неруи Ватан,
Ҳар иқдом — қадаме ба сӯи фардои дурахшон!


АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: