Дар Тоҷикобод бинои  Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид – ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикобод бинои  Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид

Бинои  навбунёди Қасри фарҳанг  12 сентябр бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Қасри фарҳанг ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Тоҷикобод бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, маъмурият, омӯзишӣ ва дигар барои ҳунармандону кормандони шуъбаи фарҳанг иборат мебошад.

Толори асосӣ, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 500 ҷойи нишаст буда, барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ бо тамоми шароиту имконоти муосир муҷаҳҳазонида шудааст.

Сохтмони иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз ёфта, бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саховат 2005” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Бинои навбунёди қасри фарҳанг, ки бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин аст, барои аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод дастоварди беназири фарҳангӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад.

Намои берунии иншооти мазкур бо равшаннамоии хоса низ муҷаҳҳаз буда, шабонгаҳ ба ҳусни зоҳирии шаҳраки ноҳия зинати бештар мебахшад.

АКС: хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: