Душанбе, 29 июл, АИ «Караван Инфо». То 1 июли соли 2025 дар Точикистон 275,6 хазор оилаи занбури асал парвариш намуда мешавад. Дар шаш мохи аввали соли чори кишвар 659 тонна асал истехсол намуд. Ин маълумот дар нишасти Матбуотии Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон эълон гардид.

Занбуриасалпарвари дар Точикистон яке аз самтхои афзалиятноки бахши аграри дониста шудааст. Дар доираи татбики “Барномаи Комплексии рушди чорводори барои солхои 2023-2027” Давлат ба корхонаи Давлатии фаръии занбури Асалпарвари “Занбури Асалпарварии Точикистон” 370 хазор сомони чудо намуд.
Барои рушди минбаъдаи соха 250 оилаи занбури асал бо тачхизоти зарури, дорувори ва хурок харидори намуда шуд. Ин захирахо байни 100 оилаи занбури асалпарварони Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон ва 150 оилаи дар шахру нохияхои чумхури зиндагикунанда таксим намуда шудаанд.
Бояд кайд намуд, ки 93 фоизи каламрави Точикистонро куххо ташкил медиханд, ки барои парвариши оилахои занбури асал ва истехсоли асали хушсифат шароити бехамто ва мусоид фарохам меорад.
АКСХО: аз манбаъхои кушода