Дар Точикистон дар шаш мох беш аз ним миллион метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд – нарххо дар Душанбе болоравиро идома медиханд – ИА Караван Инфо
Дар Точикистон дар шаш мох беш аз ним миллион метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд - нарххо дар Душанбе болоравиро идома медиханд

Душанбе, 27 июл, АИ «Караван Инфо». Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Точикистон 526,9 хазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Дар ин бора 25 июл раиси Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Хукумати Чумхурии Точикистон Низом Мирзозода дар нишасти матбуоти хабар дод.

Ба гуфтаи сардори Идора, яке аз вазифахои Афзалиятноки Кумита таъмини шахру нохияхои кишвар бо накшахои генерали ва накшахои муфассали сохтмон мебошад. Дар айни замон, 65 маркази шахру нохияхо аллакай пурра бо накшахои генерали таъмин намуда шудаанд ва корхо оид ба тахия ва ислохи онхо идома доранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 институтхои лоихакаши ва корхонахои давлати ба маблаги умумии 21 миллиону 724 хазор сомони корхои лоихакаши, тахкикоти ва чустучуи анчом доданд, ки нисбат ба хамин давраи соли 2024 116,9 фоизро ташкил медихад.

Хачми умумии сармоягузори ба сармояи асоси дар хамин давра ба 11 миллиард 410 миллион сомони расидааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз зиёд мебошад.

Бо вучуди афзоиши хачми сохтмон, арзиши манзил дар Душанбе босуръат меафзояд. Ба гуфтаи Мирзозода, нархи миёнаи як метри мураббаъ дар пойтахт ба 800 доллари ИМА (такрибан 7595 сомони) расидааст, ки нисбат ба аввали соли чори аз 250 то 300 доллар гаронтар аст.

Барои мукоиса:

Феврали соли 2025: 780 доллар (~8500 сомони);

Се сол пеш: 4170 сомони барои 1 метри мураббаъ

Хамин тарик, дар се соли охир арзиши манзил дар Душанбе кариб ду баробар афзудааст.

Чолиб он аст, ки дар соли 2025 курби доллар кохиш ефт ва нархи масолехи сохтмони поин рафт. Аммо ин афзоиши арзиши манзилро боздошт нанамуд.

Ба акидаи Раиси Кумита, сабаби ин талаботи бозор аст.

“Сохибкорон дар ташаккули нарххо озоданд, аммо вичдон низ мухим аст”, — кайд намуд Мирзозода дар шархи вазъи кунуни.

Бо вучуди омори мусбати сохтмон, бисёре аз сокинони кишвар, бахусус Душанбе, аз дастнорас будани манзил изхори нигарони мекунанд. Шахрвандон инчунин масъалаи сифати сохтмонро ба миён меоранд, ки ба гуфтаи онхо на хамеша ба стандартхои эълоншуда мувофикат мекунанд.

Аксхо: Кумитаи меъмори ва сохтмони ЧТ

error: