Дар Точикистон наворбардории филми Муштараки “Рохи газаб” ба анчом расид – ИА Караван Инфо
Дар Точикистон наворбардории филми Муштараки "Рохи газаб" ба анчом расид

Дар Точикистон наворбардории филми муштараки точикистону русия “Рохи газаб” бо иштироки киностудияи “Точикфилм” ва Киностудияи Санкт-Петербург “Лендок” ба анчом расид. Нахустнамоиши филм дар тирамохи соли равон ба накша гирифта шудааст ва дар доираи чашнвораи байналмилалии “Точик Сомон” дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора дар нишасти матбуоти директори “Точикфилм” Махмадсаид Шохиён хабар дод.

Наворбардории филм мохи ноябри соли 2023 огоз ёфта, дар охири мохи декабри хамон сол ба анчом расид. Дар лоиха як гурухи байналмилалии иборат аз 60 нафар кор менамуд, ки 45 рузро дар Точикистон гузарониданд. Истехсоли филм барои синамои точик як руйдоди бузург гардид: барои тахияи филм беш аз 2 миллион сомони чудо намуда шуд.

Филм дар бораи дустии точикон ва русхо, ки дар Афгонистон якчоя хидмат менамуданд, накл мекунад. Пайванди онхо аз солхои озмоиш мегузарад ва онхо дар лахзахои душвори зиндаги хамдигарро дастгири мекунанд.

Дар филм накшхои асосиро актерхои маъруфи русия ва инчунин истеъдодхои чавони Точикистон ичро намуданд.

 “Рохи газаб” на танхо достони дусти, балки як лоихаи бузургест, ки зебоии табиати Точикистон ва хамкории фархангии байни кишвархоро нишон медихад. Нахустнамоиши филм дар чашнвораи Кинои “Точик Сомон” барои кинематографистон ва тамошобинон руйдоди мухим хохад буд ва инчунин барои рушди кинои точик уфукхои нав мекушояд.

Интизор меравад, ки пас аз намоиш филм дар дигар чашнворахои байналмилалии филм, инчунин дар Кинотеатрхои Точикистон ва Русия намоиш дода шавад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: