Дар Точикистон Рузхои фарханги Беларус Баргузор мешаванд – ИА Караван Инфо
Дар Точикистон Рузхои фарханги Беларус Баргузор мешаванд

Аз 24 то 27 ноябр Дар Точикистон Рузхои фарханги Беларус баргузор мешаванд.

Рузхои фарханги Беларус дар Чумхурии Точикистон бо максади тахкими робитахои фархангии байни ду давлат гузаронида мешаванд.

Едовар мешавем, Ки Чумхурии Точикистон санаи 5 сентябри соли 1996 бо Чумхурии Беларус муносибатхои дипломати баркарор намуд.  Соли 1997 сафорати Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Беларус таъсис дода шуд ва соли 2011 сафорати Чумхурии Беларус дар Чумхурии Точикистон дар Душанбе ба фаъолият огоз намуд.

Хамкории фархангии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Беларус пайваста рушд мекунад. Бо максади тахкими робитахои фарханги ва намояндагии мутакобилаи фархангу хунархои ду давлат То имруз Рузхои фарханги Чумхурии Беларус дар Чумхурии Точикистон дар солхои 2007, 2015, 2018 ва Рузхои фарханги Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Беларус дар солхои 2008, 2016 ва 2021 гузаронида шуданд.

Аксхо: Вазорати корхои хоричии Точикистон

error: