Вазорати наклиёти Точикистон ва Ширкати Zhejiang Communications Construction Group Co. Ltd (корпоратсияи давлатии Чин, ки ба сохтмони иншооти инфрасохтори наклиёти тахассус дорад) шартномаи сохтмони тулонитарин пули автомобили дар Осиёи Марказиро имзо намуд.

Арзиши умумии лоиха 427,5 миллион юан (такрибан 59,8 миллион доллар). Тибки созишнома, пул дар доираи мархилаи сеюми татбики лоихаи Рохи Автомобилгарди Обигарм – Нуробод сохта мешавад. Дарозии пул 920 метрро ташкил медихад ва бо роххои воридшави дарозии он ба 1,5 км мерасад.он дар болои дарёи Сурхоб дар нохияи Нуробод сохта мешавад.
Сохтмон бояд дар давоми 4 сол бо иштироки мутахассисони ботачриба, хам махалли ва хам хоричи анчом дода шавад, аммо тавре вазири наклиёт Азим Иброхим кайд намуд, имкон дорад, ки корхо пеш аз мухлат ба анчом расанд.
Рохи нави Обигарм – Нуробод алтернативаи рохи мавчуда хохад буд, ки дар доираи сохтмони НБО Рогун зери об хохад монд.
Намояндаи ” Zhejiang Communications Construction Group Co. Ltd ” Ли Минкун кайд намуд, ки ширкат чанд сол боз дар Точикистон фаъолият дорад ва дар татбики лоихахои сохтмони роху пулхо тачрибаи зиёд дорад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода