Дар Туркия 282 нафар дар чараени амалиёт алайхи ХКК боздошт шуданд – ИА Караван Инфо
Дар Туркия 282 нафар дар чараени амалиёт алайхи ХКК боздошт шуданд

Макомоти Туркия дар панч рузи охир 282 нафарро дар як амалиёти густурда алайхи хизби манъшудаи Коргарони Курдистон (ХКК) боздошт намуданд, рузи сешанбе Вазири Корхои дохили Али Ерликая эълон намуд.

Дар 51 вилояти кишвар рейдхо гузаронида шуданд. Гумонбарон дар маблаггузории ХКК, чалби аъзои нав, пахн намудани таблигот ва иштирок дар эътирозхои зуровари айбдор намуда мешаванд. Тибки маълумоти Вазорати корхои дохили, дар чараёни кофтуков автоматхои АК-47 ва дигар силоххо мусодира намуда шуданд.

ХКК, ки дахсолахо боз бар зидди Анкара муборизаи мусаллахона мебарад, хамчун ташкилоти террористи дар Туркия, ИМА ва Иттиходи Аврупо эътироф шудааст.

Боздоштхо дар пасманзари кушиши баркарор намудани музокироти сулх байни макомоти Туркия ва гурухи курд сурат мегиранд. Тибки баъзе гузоришхо, даъвати эхтимолии рахбари ХКК Абдулло Оджалан, ки хабси абад дар зиндонро адо мекунад, барраси мешавад.

Дар баробари ин, хукумати Речеп Тайип Эрдугон чорахои зидди сиёсатмадоронеро, ки дар робита бо ХКК гумонбар мешаванд, сахттар мекунад. Рузи шанбе макомот уро аз макоми шахрдори шахри Ван дар шарки кишвар барканор намуда, ба чои у мансабдори аз чониби давлат таъиншуда иваз намуданд. Мухолифин чунин амалхоро танкид мекунанд, ба монанди фишор ба намояндагони курд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: