МОСКВА, 18 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар пойтахти Амрико мубориза бо чинояткори пурзур шуд: дар як шабонаруз макомоти хифзи хукуки нохияи Колумбия дар якчояги бо хадамоти федерали 68 нафарро дастгир намуданд. Дар ин бора дар шабакаи ичтимоии X прокурори генералии ИМА Пэм Бонди хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар чараёни амалиёт 15 адад силохи гайриконуни мусодира намуда шуд. “Зиёда аз 300 хабс дар Вашингтон – ва ин ракам меафзояд. Танхо шаби гузашта шарикони федералии мо ва полиси махал 68 боздошт намуданд” гуфт у ва илова намуд, ки дар байни боздоштшудагон гумонбарони куштор ва кочоки маводи мухаддир хастанд.
Ин амалхо идомаи тадбирхои каблан эълоннамудаи президент Доналд Трамп буданд. Вай супориш дод, ки назорати фаъолияти полисро ба макомоти федерали супорад, чузъу томхои гвардияи Миллиро ба шахр фиристад ва дар холати зарури куввахои мусаллахро низ.
Вазири мудофиа Пит Хегсет мушаххас намуд, ки кисмхои Гвардияи Милли тадричан ба пойтахт меоянд ва то он даме, ки Сарвари давлат зарур мешуморад, дар он чо хоханд монд.
Тадбирхо вокуниши гуногунро ба бор оварданд. Сокинони Вашингтон мунтазам бо эътирозхо ба кучахо баромада, аз афзоиши назорати федерали норозиги изхор мекунанд.
Солхои охир сатхи чинояткори дар Вашингтон мавриди таваччухи макомоти федерали карор гирифт. Макомоти ИМА мунтазам чорахои амниятиро дар шахрхои калон таквият медиханд, аммо истифодаи артиш ва Гвардияи Милли дар масъалахои тартиботи дохилии хукуки аксар вакт хам аз чониби хомиени хукук ва хам ахолии махалли танкид мешавад.
Аксхо: AP Photo / Alex Brandon