Душанбе, 13 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». 10 декабри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинӣ оиди баимзорасонии Протоколи музокирот вобаста ба лоиҳаи грантӣ дар ҳаҷми 6,5 миллион доллар байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея рушд ёфта, заминаи боэътимод барои татбиқи лоиҳаҳои созандаю пурсамар фароҳам оварда шудаанд.
Зимни суханронӣ Абдураҳмонзода А. С. изҳор дошт, ки Протоколи музокирот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба имзо расонида шуда, дар он таъсиси Платформаи ягона барои мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, инчунин рақамигардонии ҷараёни ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии босамари донишҷуён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоиии касбӣ пешбинӣ гардидааст.

Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Канг Сеунг-ҳун дар навбати худ барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки KOICA тамоми воситаҳо ва иқтидорҳои худро барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои соҳавӣ равона хоҳад кард.
Дар анҷоми чорабинӣ Протоколи музокирот байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо
