Дар Вилояти Алмаато роххо ба чойхои маъмули сайёхи нав намуда мешаванд – ИА Караван Инфо
Дар Вилояти Алмаато роххо ба чойхои маъмули сайёхи нав намуда мешаванд

То охири соли 2025 дар Вилояти Алмаато таъмири асосии 145 километр роххои ахамияти чумхурияви, ки аз нохияхои Кеген ва Райимбек мегузаранд, ба накша гирифта шудааст. Ин роххо ба чойхои маъмули сайёхи, ба монанди Канони Шарин, кулхои Кайинди ва Колсай оварда мерасонанд.

Муовини вазири наклиёти ЧК Сатжан Аблалиев шахсан ба ин китъахо ташриф овард ва рафти корхои таъмириро арзёби намуд. Кисми роххо дар ин сол кушода мешаванд. Масалан, китъаи рохи Кеген Наринкол, ки 15 километр тул дорад, то охири соли 2023 ба истифода омода хохад шуд.

Таъмири роххо аз чониби Бонки рушди Казокистон маблаггузори намуда мешавад ва дастрасии наклиётро на танхо ба чойхои маъмули сайёхи, балки ба махалхои ахолинишини дурдаст низ бехтар мекунад. Ин, дар навбати худ, бояд рушди иктисоди минтакавиро хавасманд кунад ва сатхи зиндагии ахолии махаллиро баланд бардорад.

Аксхо: Вазорати наклиёти ЧК

error: