Душанбе, 17 июн, – АИ «Караван инфо». Дар Вилояти Хатлон амалиёти васеъмикёс барои нобуд намудани зиёда аз 3,3 тонна дорувори ва махсулоти хушбуй гузаронида шуд. Арзиши умумии молхои нобудшуда аз 687 хазору 445 сомони зиёд буда, дар Идораи Марказии назорати давлати дар сохаи тандурусти хабар дода шудааст.

Аз ин шумора 2 тоннаву 809 килограмм дорухои мухлати истифодаашон гузашта барои истифодаи ширкатхои дорусози ва зиёда аз 500 килограмм барои сохибкорони хусуси ва муассисахои тибби равона намуда шудааст.
Вазорат ахамияти хамкории фаъоли сохибкоронро бо хадамоти назорати таъкид намуд, ки ба туфайли он дорухои мухлаташон гузашта саривакт аз кор бароварда ва нобуд карда мешаванд, ки ин як кадами калиди дар таъмини амнияти саломатии ахоли ва пешгирии пахншавии махсулоти пастсифат ё хатарнок дар бозор мебошад.
Ин тадбир ба хифзи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тибби, инчунин тахкими назорати гардиши дорувори ва атриёт дар минтака нигаронида шудааст.
АКСХО: Идораи Вилоятии хадамоти назорати давлати дар сохаи тандурусти