Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии «Ҳосил-2024» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, тибқи ин қарор раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки корҳои омодагии хоҷагиҳои пахтакорро ба мавсими имсола баррасӣ ва бошишгоҳҳои саҳроиро омода намоянд.
Сарраёсати кишоварзии вилоят вазифадор шудааст, ки барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон дар давраи ҳосилғундорӣ мусобиқаи меҳнатӣ ташкил карда, ғолибонро бо туҳфаҳо сарфароз гардонад.
Бояд гуфт, ки имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар 120,7 ҳазор гектар навъҳои гуногуни чигит кишт намудаанд, ки дар айни замон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд.
То 28 август кишоварзони вилояти Хатлон 1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дода буд.
Имсол аввалин шуда, ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд. Пахтакорони ноҳияҳои дигари ҷанубии ҷумҳурӣ низ ҳоло ба чиниши пахта шуруъ кардаанд.
Ҳосили биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта барои ҷамъоварӣ омода шудааст.
АКС аз манбаҳои боз