Душанбе, 04 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ҳадафи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муаррифии дастовардҳо ва барномаҳои рушди кишвар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ, дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия вохӯрии вижа баргузор гардид. Дар ин бора мухбири махсуси АИ «Корвон Иттилоот» иттилоъ медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат», татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳамватанони бурунмарзӣ метавонанд дар муаррифии иқтидорҳои иқтисодиву саноатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоранд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи иқомати худ, вазифадор аст дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дастовардҳои даврони Истиқлолият, барномаҳои рушди миллӣ ва сиёсати созандаи давлатро ба воситаи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ муаррифӣ намояд.
Иштирокчиён дар идомаи мулоқот доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, таъкид карданд, ки донистан ва риояи меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худогоҳ, ватандӯст ва меҳанпараст мебошад.
Қайд гардид, ки омӯзиши ин ҳуҷҷати олӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Гуфта шуд, ки Конститутсияи давлатии демократии Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои волои миллат, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва пешбарандаи ғояву арзишҳои миллӣ мебошад. Он ҷавонон ва наслҳои ояндаро водор месозад, ки ин арзиши муқаддасро пос доранд ва онро ҳамчун рамзи ваҳдату пойдории давлатдории миллӣ ҳифз намоянд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»
