Дар ВКХ-и Қазоқистон ҳамкорӣ бо Юнон-ро баррасӣ намуданд
Остона, 6 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дурнамои ҳамкории Қазоқистону Юнонро баррасӣ намуд. Муовини вазир Арман Исетов нусхаҳои эътимодномаҳоро аз сафири нави Юнон Антония Катсуру қабул намуд.

Исетов қайд намуд, ки Юнон яке аз шарикони муҳими Қазоқистон дар Баҳри Миёназамин аст. Вай ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Остона ва Афина изҳори боварӣ намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд. Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ диққати махсус дода шуд.
Дар натиҷаи мулоқот дипломатҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда дар тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ-иҶҚ
