Остона, 16 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов бо раиси нави Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона Алексей Рогов мулоқот намуд.

Арман Исетов Роговро бо таъин шуданаш табрик гуфт ва ба ҳамкории самарабахш изҳори умед намуд. Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории Қазоқистон бо САҲА, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи онро муҳокима намуданд.
Исетов инчунин дар бораи ҷараени дигаргуниҳои демократӣ, ки бо ташаббуси Президент Қасим-Жомарт Токаев оғоз ёфта буд ва дар бораи вазифаҳои нав, ки дар доираи Паём ба мардуми Қазоқистон гузошта шуда буданд, нақл кард.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои кори муштаракро дар соли гузашта баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории фаъолро идома диҳанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ