Даромади бучети Точикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 аз нишондихандахои накшави зиёдтар буд – ИА Караван Инфо
Даромади бучети Точикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 аз нишондихандахои накшави зиёдтар буд

Душанбе, 09 август, АИ «Караван Инфо». Дар нимсолаи аввали соли 2025 хачми умумии даромади бучети давлатии Чумхурии Точикистон, ки аз хисоби хамаи манбаъхои воридот ташкил шудааст, дар сатхи 111,5 фоиз ичро намуда шуд. Ба бучет 27,5 миллиард сомони ворид шудааст. Дар ин бора Вазири молияи Чумхурии Точикистон Файзиддин Каххорзода рузи 08 август дар нишасти матбуоти дар шахри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Вазир, накшаи даромади дохилии аз чониби кумитаи Андоз таъминшуда аз хад зиёд ичро гардида, 113,7% — ро ташкил дод, ки дар ифодаи пули 12,7 миллиард сомони ё аз накшаи пешбинишуда 1,5 миллиард сомони зиёд мебошад.

Даромадхо аз хисоби фаъолияти хадамоти Гумрук низ аз пешбинишуда зиёд буда, ба 112,2% накша расидаанд, ки ба 5,7 миллиард сомони баробар мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли чори барои татбики 7 лоихаи сармоягузори, ки ба рушди сохахои ичтимоию иктисоди равона шудаанд, 9 созишномаи карзи ва гранти ба маблаги умумии 153,7 миллион доллари ИМА ба имзо расид.

Аз ин маблаг:

  • 97,9 миллион доллар -маблагхои гранти;
  •  54,3 миллион доллар -захирахои карзи;
  • 1,5 миллион доллар – сахми Хукумати Чумхурии Точикистон.

Санаи 6 август дар шахри Душанбе чаласаи кори бахшида ба тадбирхои иловаги оид ба васеъ намудани пардохтхои гайринакди баргузор гардид.

Дар чараёни чорабини намояндагони Вазорати молия харитаи рохро барои чори намудани низоми пардохтхои гайринакди дар тамоми бахшхои иктисодиёт, инчунин барои таъмини фарогирии пурраи манбаъхои имконпазири даромади бучет пешниход намуданд.

Иштирокчиёни мачлис пешниходхои вазоратро мухокима намуданд ва дар бораи роххои баланд бардоштани хиссаи хисоббаробаркунихои гайринакди мубодилаи афкор намуданд.

АКСХО: Вазорати молияи Чумхурии Точикистон

error: