Дастаи мунтахаби олимпии Точикистон (U-23) бозии дустона бо Киргизистон дар Хисор баргузор мекунад – ИА Караван Инфо
Дастаи мунтахаби олимпии Точикистон (U-23) бозии дустона бо Киргизистон дар Хисор баргузор мекунад

Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Дар доираи омодаги ба мусобикаи Интихобии Чоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Олимпии Точикистон (бозингарони то 23-сола) бозии дустона бар зидди хамсолони худ аз Киргизистон баргузор мекунад. Мулокот рузи сешанбе, санаи 24 июн дар варзишгохи Марказии шахри Хисор баргузор шуда соати 20:00 ба вакти махалли огоз меёбад.

Тахти сарпарастии мутахассиси гурчи Леван Хомерика омодагии пуршиддатро ба мусобикахои байналмилалии оянда идома медиханд. Ёдовар мешавем, ки тими миллии Киргизистон чанде пеш бар зидди тими миллии олимпии Хиндустон мусови (0:0) намуд.

Бози бо Киргизистон барои дастаи Точикистон имконияти хубест барои санчиши пайвандхои бози ва схемахои тактики дар шароити муковимати вокеи.

Мухлисони футболро барои дастгирии дастаи милли даъват мекунанд! Даромадан ба стадион озод аст.

АКСХО: Федератсияи футболи Точикистон

error: