Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаҳои Испания ва Нидерландия бозии дӯстона доир мекунад
Ҳафтаи оянда дар Душанбе силсила бозиҳои дӯстона бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Испания ва Нидерландҳо оид ба футзал, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок мекунанд, баргузор мешаванд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
5 сентябр тимҳои миллии Тоҷикистон ва Испания ба майдони маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и пойтахт мебароянд.
Сипас, рӯзи 7-уми сентябр вохӯрӣ миёни дастаҳои Испания ва Нидерландҳо доир мегардад. Силсилаи бозиҳои дӯстона бо рақобати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Нидерландҳо 8 сентябр ба поён мерасад.
Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир мешаванд. Нархи чипта 100 сомонӣ муқаррар шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон