Давлатхо – иштирокчиёни ИДМ ният доранд, ки фестивали Байналмилалии Кинои “Иттиход” – ро таъсис диханд – ИА Караван Инфо
Давлатхо - иштирокчиёни ИДМ ният доранд, ки фестивали Байналмилалии Кинои "Иттиход" - ро таъсис диханд

Лоихахои хуччатхои дахлдор 21 январ дар чаласаи гурухи коршиносон дар Минск мухокима намуда шуданд. Дар чаласа намояндагони Озарбойчон, Арманистон, Беларус, Казокистон, Киргизистон, Русия, Точикистон, Туркманистон, Узбекистон ва кумитаи Ичроияи ИДМ иштирок намуданд.

Хуччатхо аз чониби гурухи кории кинематография бо супориши Шурои хамкории фархангии кишвархои Иттиход омода намуда шуданд. Дар вохури коршиносон онхоро такмил доданд ва мувофика намуданд. Карор шуд, ки лоихаи Низомнома дар бораи фестивали Байналмилалии кинои кишвархои ИДМ “Содружество” бо тартиби мукарраршуда ба баррасии Шурои сарони хукуматхои ИДМ пешниход намуда шавад.

Бояд кайд намуд, ки ташаббуси таъсиси кинофестивал бо додани чоизаи махсус дар доираи Иттиходи Давлатхои Мустакил аз чониби чониби казокистон пешниход намуда шуд. Дар Лоихаи Низомнома кайд намуда шудааст, ки кинофестивал бо максади рушди минбаъдаи хамкории давлатхои иштирокчии ИДМ дар сохаи кинематография, инчунин маъмулгардонии дастовардхои саноати миллии кино гузаронида мешавад.

Кинофестивал одатан дар ду сол як маротиба аз чониби хар як давлат бо тартиби алифбои русии номхои кишвархо гузаронида мешавад. Нахустин чашнвораи кино дар Чумхурии Казокистон баргузор мешавад.

Аксхо: Хадамоти Матбуоти КИ ИДМ

error: