Давлатхои назди каспий дар мубориза бо паст шудани сатхи бахри Каспий муттахид мешаванд

Дар майдонхои конфронси байналмилалии иклимии СОР29 чаласаи махсус бахшида ба мушкилоти паст шудани сатхи бахри Каспий баргузор гардид. Дар чорабини намояндагони хамаи давлатхои наздикаспийи ва инчунин созмонхои байналмилали иштирок намуданд.
Иштирокчиёни чаласа аз паст шудани сатхи бахри Каспий, ки ба экологияи минтака ва иктисодиёти давлатхои сохили таъсири манфии чидди мерасонад, изхори нигарони намуданд. Таъкид гардид, ки барои халли самараноки ин масъала бояд кушишхои хамаи кишвархои наздикаспийи муттахид намуда шаванд.
Дар чараёни мухокима пешниходхо оид ба тахкими хамкорихои минтакави дар сохаи мониторинги сатхи бахр, гузаронидани тахкикоти муштараки илми ва тахияи тадбирхои мутобикшави ба тагйирёбии иклим пешниход намуда шуданд. Чониби Казокистон пешниход намуд, ки механизми мониторинги мунтазами сатхи бахр ва гузаронидани тадкикоти илмии муштарак барои пешгуии тагйирот ва тахияи чорахои самараноки мутобиксози таъсис дода шавад. Чониби Озарбойчон ташаббуси таъсиси гурухи коршиносонро барои омузиши сабабхои паст шудани сатхи бахр пешниход намуд.
Дар натичаи чаласа Эъломия кабул намуда шуд, ки дар он созишномахои асосии Иштирокчиён инъикос ёфтаанд.
Аксхо: Вазорати экология Ва захирахои табиии ЧК