Давлати раками босуръат рушд мекунад: 45 идораи Точикистон ба eHukumat.tj пайваст карда шуд. – ИА Караван Инфо
Давлати раками босуръат рушд мекунад: 45 идораи Точикистон ба eHukumat.tj пайваст карда шуд.

Душанбе, 05 август, АИ «Караван Инфо». Точикистон бо бовари дар рохи табдили ракамии идоракунии давлати харакат мекунад.  Дар доираи рушди технологияхои иттилооти ва пешниходи хидматхои онлайн ба шахрвандон, 45 идораи давлати аллакай ба портали ягонаи давлатии интернет eHukumat.tj пайваст намуда шудаанд. Дар ин бора санаи 4 август директори Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон Хуршед Мирзо дар нишасти матбуоти оид ба натичахои фаъолияти идора хабар дод.

Тавре, ки кайд намуда шуд, портал eHukumat.tj ин инфрасохтори ягонаи ТИК мебошад, ки дастрасии мутамарказ ба иттилоот, хидматхои ракамии давлати ва хамкории байнисохавиро таъмин мекунад.  Дар шароити ракамикунонии босуръат, он унсури мухими ташаккули “хукумати электрони” дар чумхури мегардад.

Дар асоси ин портал аллакай сайти алохида барои хизматрасонихои давлати чори намуда шудааст — khizmat.ehukumat.tj, ки дар мархилаи аввал 20 номгуи хидматхои ракамиро пешниход мекунад ва то охири соли 2025 зиёда аз 50 номгу.

Бо максади содда ва суръат бахшидан ба хизматрасонихои раками дар назди Агенти Маркази хизматрасонихои давлати таъсис дода мешавад. Корхои таъмири ва сохтмони аллакай ба анчом расидаанд ва у ба зуди кабули шахрвандонро огоз мекунад. Ин имкон медихад, ки муносибати комплекси ба хизматрасонии ахоли аз руи принсипи “як тиреза” чори намуда шавад.

Хамзамон дар Точикистон системаи Ягонаи гардиши хуччатхои электрони, ки бо чалби мутахассисони махаллии ТИ ва бо дарназардошти тачрибаи кишвархои Осиёи Маркази тахия шудааст, амали мегардад. Система аллакай дар 100 макомоти давлати чори намуда шудааст, ки 60 — тои онхо пурра ба формати раками гузаштанд.

Агенти таъкид мекунад, ки рушди инфрасохтори раками на танхо масъалаи навсозии технологи, балки кадами шаффофият, самараноки ва баланд бардоштани эътимоди шахрвандон ба давлат мебошад. Дар оянда, ба накша гирифта шудааст, ки татбики платформа ба сохторхои минтакави ва мунисипалии хокимият ва инчунин чалби бахши хусуси ба дигаргунихои раками фаъолтар намуда шавад.

“Мо экосистемаи кушоди ракамиро эчод мекунем, ки дар маркази он манфиатхои шахрванд ва самаранокии давлат аст”, — хулоса намуд Хуршед Мирзо.

Аксхо: НИАТ “Ховар”

error: