Десантиёни Казокистон дар машкхои васеи СААД иштирок мекунанд – ИА Караван Инфо
Десантиёни Казокистон дар машкхои васеи СААД иштирок мекунанд

Дар майдони тирпарронии “Эделвейс” дар Киргизистон машкхои васеи ташкили Шартномаи амнияти дастачамъи (СААД) баргузор мешаванд. Дар он контингентхои харби аз панч кишвари узви созмон, аз чумла Казокистон иштирок мекунанд.

Десантиёни казокистони барои иштирок дар машкхо аз Талдикорган ба Баликчи рахпаймоии тулони анчом доданд. Хизматчиёни харби масъалахои хамкори бо хамкорони дигар кишвархо, баланд бардоштани мутобикати оперативи ва халли вазифахои гуногуни марбут ба халли холатхои бухрониро барраси мекунанд.

Машкхо дар се мархила гузаронида мешаванд: «Хамкори-2024», «Чустучу-2024» ва «Эшелон-2024». Онхо машкхои фармондехи-штаби, машкхои махсус бо куввахои иктишофи ва таъминоти модди-техникиро дар бар мегиранд.

Машкхо то 11 сентябр идома меёбанд ва ба баланд бардоштани омодагии чанги ва хамгироии амалиёти нерухои дастачамъии СААД равона намуда шудаанд.

Сурат: ВМ ЧК

error: