Диктанти байналмилалии географӣ XI рӯзи 30 ноябр баргузор мешавад – ИА Караван Инфо
Диктанти байналмилалии географӣ XI рӯзи 30 ноябр баргузор мешавад

Душанбе, 06 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷамъияти географияи Русия санаи баргузории Диктанти XI байналмилалии географиро эълон кард: ин чорабинӣ рӯзи 30 ноябри соли 2025 баргузор мегардад ва дар шакли онлайн аз 30 ноябр то 14 декабр дастрас хоҳад буд.

Диктанти географӣ аз соли 2015 баргузор шуда, ба яке аз ташаббусҳои бузурги маърифатии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар давоми даҳ сол дар он зиёда аз 4 миллион нафар аз 136 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Танҳо дар соли 2024 шумораи иштирокчиён зиёда аз 635 ҳазор нафар ва шумораи майдончаҳо тақрибан 10 ҳазор буд.

Хусусияти асосии диктант дар универсалӣ будани он аст. Он на танҳо дар ҳамаи қитъаҳо, балки дар шароити ғайримаъмул низ баргузор гардидааст: дар осмон, зери замин, зери об ва ҳатто дар киштии кайҳонии байналмилалӣ.

Санҷиш анъанавӣ аз 40 савол иборат аст, ки ду сатҳи душвориро дар бар мегирад: саволҳои оддӣ ва супоришҳои душвортар. Барои иштирокчиёни хориҷӣ нусхаи мутобиқшуда — 20 савол ба забони англисӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, бо дархост тарҷума ба забонҳои кишварҳои БРИКС дастрас аст.

Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки диктанти географӣ — ин имтиҳон нест, балки иқдоми маърифатист, ки ҳадафаш — тарғиби илм, баланд бардоштани шавқ ба география ва густариши дониши иштирокчиён мебошад.

ФОТО из открытых источников

error: