Душанбе, 03 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сирожиддин Муҳриддин гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора 2 декабр Вазорати корҳои хориҷии «Толибон» дар шабакаи X иттилоъ дод.

Ба иттилои ВКХ «Толибон», Муттақӣ омодагии Афғонистонро барои таҳқиқи муштараки ҳамлаҳои ахир, ки аз қаламрави Афғонистон ба муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтанд, изҳор кардааст. Ҳамчунин зарурати таҳкими чораҳои амниятӣ дар марз таъкид шудааст.
Ба гуфтаи Кобул, Муттақӣ бар «зарурати талошҳои ҳамгироёна барои таъмини суботи минтақавӣ» таъкид намуд.
Дар паёми расмии «Толибон» гуфта мешавад, ки дар моҳҳои охир байни Тоҷикистон ва Афғонистон «фазои эътимод» барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо, ба қавли онҳо, «бархе қувваҳо кӯшиш доранд ин равандро халалдор кунанд» — бе ишора ба шахс ё гурӯҳи мушаххас.
«Толибон» мегӯянд, ки ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки тамоси муназзам байни қӯшунҳои сарҳадӣ, сохторҳои амниятӣ ва мақомоти марбута идома ёбад, то марз «минтақаи эътимоди бештар ва суботи устувортар» шавад.
Гуфтугӯи телефонӣ дар пайи ду ҳамлаи 26 ва 30 ноябр рӯй дод, ки дар натиҷа аз ҷониби Афғонистон ба гурӯҳи коргарони чинӣ дар Тоҷикистон ҳамла карда шуд. Дар ин ду ҳодиса панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.
1 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи изтирорӣ бо роҳбарияти ниҳодҳои қудратӣ баргузор кард. Ӯ «амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистон»-ро дар марз шадидан маҳкум намуда, ба мақомоти масъул супориш дод, ки чораҳои қатъӣ барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо андешанд.
То замони нашри ин мавод, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон на гуфтугӯро тасдиқ ва на рад кардааст. Ин мавқеи хомӯшона савол мегузорад, ки оё маълумоти нашршуда аз ҷониби «Толибон» пурра мавқеи расмии Душанбе инъикос мекунад ё не.
Коллаж: Азия Плюс
