Доғи суди ҳамчун монеа: дар Русия қоидаҳои гирифтани иҷозати иқомати доимӣ ва шаҳрвандӣ сахттар мешаванд – ИА Караван Инфо
Доғи суди ҳамчун монеа: дар Русия қоидаҳои гирифтани иҷозати иқомати доимӣ ва шаҳрвандӣ сахттар мешаванд

Душанбе, 27 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Русия боз як қадами ҷиддӣ ҷиҳати сахттар кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ гузошта шуд. Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунэҷодкунӣ лоиҳаи қонунеро ҷонибдорӣ намуд, ки тибқи он барои шаҳрвандони хориҷие, ки доғи судӣ доранд, гирифтани иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ) ва шаҳрвандии Федератсияи Русия манъ карда мешавад.

Тибқи ин санад, пешниҳод мегардад рӯйхати асосҳои рад кардани қабули шаҳрвандии Федератсияи Русия васеъ карда шавад. Аз ҷумла, мавҷуд будани доғи судии бекорнашуда ё напардохташуда барои содир кардани ҷиноят — ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз он, новобаста аз шакли гуноҳ — ҳамчун асоси рад эътироф мегардад. Гузашта аз ин, чунин доғи суди метавонад на танҳо боиси рад гардидани дархост гардад, балки барои бекор кардани қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба додани шаҳрвандии Русия, иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП) низ асос шавад.

Ҳамзамон, комиссия боз як лоиҳаи қонунеро тасдиқ кард, ки назоратро бар равандҳои муҳоҷиратӣ боз ҳам пурзӯр менамояд. Сухан дар бораи ҷорӣ намудани талаботи ҳатмии пешниҳод кардани маълумотнома дар бораи надоштани доғи суди  ба мақомоти ВКД меравад, ки он бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвари аслии шаҳрванди хориҷӣ дода шуда бошад. Ин ҳуҷҷат бояд на пештар аз се моҳ қабл аз муроҷиат ба воҳидҳои муҳоҷиратии ВКД-и Русия тартиб дода шавад.

Илова бар ин, шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор хоҳад шуд, ки нисбат ба худ мавҷуд набудани таъқиби ҷиноятиро тасдиқ намояд — ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз он. Бо ин роҳ давлат ният дорад ҳангоми баррасии аризаҳои муҳоҷиратӣ механизми боз ҳам сахттари филтрро ҷорӣ кунад.

Коршиносон бар онанд, ки ин тадбирҳо сиёсати умумии мақомоти Русияро дар самти тақвияти назорати муҳоҷиратӣ ва коҳиш додани хатарҳое инъикос менамоянд, ки бо қонунигардонии шаҳрвандони хориҷии дорои гузаштаҳои ҷиноятӣ вобастаанд. Интизор меравад, ки дар сурати қабул гардидани қонунҳо онҳо ба ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ ва расмиёти гирифтани мақоми қонунии иқомат дар Русия таъсири назаррас хоҳанд расонд.

Сурат: Канали панҷум

error: