Судяи чахонии нохияи Таганскии Москва барои вайрон намудани конунгузории марбут ба нашри маълумоти шахсии русхо барои мессенчери Telegram 240 хазор рубл чарима содир намуд.

Суд ширкати Telegram Messenger Inc. – ро эътироф намуд. гунахкор дар содир намудани хукуквайронкунии маъмури тибки кисми панчуми моддаи 13.11 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Русия ва чарима ба маблаги 80 хазор рубл таъин намуда шуд. Ин карорро судя Алсу Адиятуллина содир намудааст.
Илова бар ин, рузи панчшанбе ва чоршанбе, суд инчунин ду чаримаи дигарро ба Telegram барои чиноятхои шабех, хар кадоме ба маблаги 80 хазор рубл таъин намуд.
Тавре, ки аз маводи суд маълум шуд, протокол пас аз мурочиати як зани рус ба Роскомнадзор тартиб дода шуд, ки дар бораи чойгиркунии гайриконунии Маълумоти шахсии шахрвандон дар Тelegram, аз чумла ному насаб, синну сол, сурогаи истикомат ва дигар маълумот хабар дод. Парванда танхо барраси мешуд, дар холе ки тарафхо ба суд хозир нашуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода