Суди генералии Иттиходи Аврупо конунияти нигох доштани 320 миллион евро аз бучаи Полшаро хамчун чарима барои вайрон намудани принсипхои истиклолияти низоми суди аз чониби комиссияи Аврупо тасдик намуд.

“Бо ситонидани маблагхои бадастомада, Комиссия конунгузории ИА – ро вайрон нанамуд” гуфт судяхо дар Люксембург рузи чоршанбе.
Чаримахо аз чониби Суди Аврупо дар соли 2021 чори намуда шуданд, вакте ки хукумати Хизби “Хукук ва адолат” аз боздоштани ислохоти суди саркаши намуд. Ин ислохот, Ба андешаи Брюссел, принсипи таксимоти хокимиятро бо таъсиси палатаи интизомии суди Оли, ки метавонад судяхоро барои мундаричаи карорхои онхо чазо дихад, халалдор намуд.
Полша кушиш намуд, ки бо ишора ба тагйирот дар конуни соли 2022 ба нигох доштани маблагхо мухолифат кунад, аммо суд карор дод, ки кишвар ухдадорихои худро пурра ичро нанамудааст.
Ин карорро аз чониби Хукумати Доналд Туск шикоят намудан мумкин аст, ки пас аз ба кудрат расидан дар соли 2023 ислохоти бахсбарангезро бекор намуд, ки имкон дод, ки 137 миллиард евро дар фондхои ИА ях намуда шавад.
Комиссари аврупо Майкл Макграт: “Риояи волоияти конун як варианти иловаги нест, балки як кисми асосии узвият дар ИА аст.”
Аксхо: аз манбаъхои кушода