Доналд Трамп Массад Булосро мушовири калони корхои Шарки наздик таъин намуд  – ИА Караван Инфо
Доналд Трамп Массад Булосро мушовири калони корхои Шарки наздик таъин намуд 

Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп изхор дошт, ки сохибкори Лубнон Массад Булос мушовири калони корхои араби ва шарки наздик хохад буд. Дар ин бора Трамп дар Шабакаи Ичтимоии худ Truth Social хабар дод. 

Булос, хушдомани духтари Хурдии Трамп Тиффани Трамп, дар маъракаи интихоботи, алахусус дар байни чамоатхои араб ва мусулмон фаъолона иштирок намуд. Тачриба ва робитахои у дар минтака, ба гуфтаи тахлилгарон, метавонад дастгирии сиёсати Шарки наздик Трампро таквият дихад. 

“Булос бо гуруххои гуногуни сиёсии Лубнон робита дорад, ки барои кишваре, ки дахсолахо ихтилофоти амик вучуд дорад, нодир аст”, — гуфта мешавад дар маводи “Садои Амрико”. 

Массад Булос аз оилаи маъруфи сиёсати лубнон аст. Писари у Майкл бо Тиффани Трамп издивоч намудааст. Ин чуфт мохи ноябри соли 2022 дар Кароргохи Трамп Мар-А-Лаго издивоч намуданд. 

Арон Лунд аз маркази тахлилии Century Foundation бар ин назар аст, ки Булос метавонад дар ташаккули сиёсати Шарки наздик президенти нав накши калиди дошта бошад, алахусус бо назардошти таъсири у ба интихобкунандагони араб ва мусулмон. 

Таъйини Булос ягона шахсе нест, ки ба оилаи Трамп наздик аст. Рузи шанбе Трамп Эълон намуд, ки чарлз Кушнер, падари Чаред Кушнер сафири ИМА Дар Фаронса хохад шуд. Трамп инчунин Кэш Пателро ба вазифаи Директори ФБР пешбари намуд. 

Ин таъинот тамоюли президенти интихобшударо нишон медихад, ки одамони наздики худро ба вазифахои калиди таъин кунад, ки ин хам дастгирии тарафдорон ва хам танкиди мухолифонро ба бор меорад. 

Аксхо: AF / Evan Vucci

error: