Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Институти технологии иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро васеъ мекунанд – ИА Караван Инфо
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Институти технологии иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро васеъ мекунанд

Рӯзи 13 сентябр дар мулоқоти виртуалӣ байни ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Қудратулло Давлатзода ва намояндагони Институти технологии иттилоотии Чанчжоуи Чин масъалаҳои муҳимтарин дар соҳаи технологии иттилоот, рақамисозӣ, Боғи технологии иттилоот ва амалисозии нақшаҳои дуҷониба дар ин самт баррасӣ шуданд.

Тавре ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот таъкид карда шуд, ки пешравии умумии кишвар, аз ҷумла идораи самараноки, хидматҳои электронӣ, васеъ кардани фаъолияти дурдаст ва таълими дурдаст имкониятҳои васеъро барои рушди зудтари технологии иттилоот ва коммуникатсионӣ ва ҷорӣ кардани инноватсияҳо мекушояд.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудратулло Давлатзода таъкид кард, ки дар солҳои охир аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои самаранок дар асоси рушди доимии соҳаи технологии иттилоот ва коммуникатсионӣ тавассути таъсис ва васеъ кардани фаъолияти боғҳои технологӣ, боғҳои технологии иттилоот, боғҳои илмӣ ва технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа амалӣ шудаанд. Айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, мубодилаи академикӣ, мустаҳкам кардани интегратсия ва ҳамкорӣ дар соҳа музокира карданд.

ФОТО Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ

error: