Дурнамои Хамкории Точикистон бо Олмон ва Фаронса барраси шуд – ИА Караван Инфо
Дурнамои Хамкории Точикистон бо Олмон ва Фаронса барраси шуд

Дар Хучанд мулокоти Раиси Вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Федеративии Олмон дар Чумхурии Точикистон Йорк Шуграф ва Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Фаронса дар Чумхурии Точикистон хонум Элза Пинол баргузор гардид.

Дар мулокот дурнамои хамкорихои Точикистону Олмон ва Фаронса барраси шуд. Зикр гардид, ки сохибкорону сармоягузорони ин кишвархо метавонанд дар татбики лоихахои ояндадор дар вилояти Сугд сахми назаррас гузоранд. Ба рушди сохахои саноат, энергетика, кишоварзи, илм, маориф ва сайёхи диккати махсус дода мешуд.

Зимни мулокот дар бораи рушди чории саноат, сохтмони корхонахои нав, инчунин дар бораи иктидори кишоварзи ва сайёхи дар Вилояти Сугд маълумоти муфассал дода шуд. Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати дурандешонаи сарони давлатхо имконияти мавчуда барои тахкими хамкори истифода хохад шуд.

Гайр аз он, чонибхо тавсеаи хамкорихоро дар сохаи илм ва маориф барраси намуданд. Омодаги ба тахкими робитахои илми ва табодули тачриба байни кишвархо изхор намуда шуд.

АКСХО: хадамоти матбуоти Раиси Вилояти Сугд

error: