Душанбе гуруххои кории давлатхо- иштирокчиёни лоихаи “CASA-1000″-ро кабул мекунад: тахкими хамкорихои минтакавии энергетики” – ИА Караван Инфо
Душанбе гуруххои кории давлатхо- иштирокчиёни лоихаи "CASA-1000"-ро кабул мекунад: тахкими хамкорихои минтакавии энергетики"

Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. Санаи 13 май дар пойтахти Точикистон чаласаи навбатии гуруххои муштараки кории давлатхои иштирокчии лоихаи минтакавии интиколи неруи барк “CASA — 1000” ва шарикони рушд баргузор гардид, хабар доданд дар хадамоти матбуотии Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон.

Дар чараёни ифтитохи чаласа муовини Вазири энергетика ва захирахои об Манучехр Сафарзода ахамияти стратегии лоихаи “CASA-1000”-ро барои хамаи кишвархои иштирокчи таъкид намуд. Ин лоихаи азими минтакави на танхо ба рушди системахои энергетикии Давлатхои Осиёи Маркази ва Чануби мусоидат мекунад, балки хамчун платформаи мухим барои тахкими хамкорихои иктисоди ва сиёси дар минтака хизмат мекунад.

Дар доираи мулокот масъалахои омодаги ба баргузории чаласаи навбатии шурои Байнихукуматии лоихаи “CASA-1000”, ки санаи 15 май дар Душанбе ба накша гирифта шудааст, барраси гардид.

Аксхо: Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон

error: