Душанбе, 23 август, АИ «Караван Инфо». Точикистон ва Чин ба мувофика расиданд, ки кори муштаракро дар сохаи инфрасохтори наклиёти бо таваччухи махсус ба сохтмони гузаргоххои дукабатаи автомобили дар пойтахт таквият диханд.

Санаи 20 август Вазири наклиёти Чумхурии Точикистон Азим Иброхим бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Мардумии Чин дар Точикистон Го Чжитсзюн мулокот намуд. Дар чараёни гуфтушунидхо чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои хамкории дучонибаро дар сохаи наклиёт ва хамлу накли байналмилали барраси намуданд.
Тибки созишномахои бадастомада, корхои сохтмони роххои автомобилгарди дукабата дар чоррохахои Калидии Душанбе пурзур намуда мешаванд:
1. кучахои Абай- А. Каххоров,
2. кучахои А. Чоми – А. Каххоров,
3. кучахои Чануби -А.Каххоров.
Тахияи асосноккунии техники-иктисоди (ТЭО) аллакай ба анчом расидааст, холо хуччат бо чониби чин мувофика намуда мешавад.
Гайр аз лоихахои инфрасохтории дохили, чонибхо масъалахои рушди гузаргоххои байналмилалии наклиётро барраси намуданд:
1. “Чин – Точикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо”
2. “Чин – Точикистон – Афгонистон”.
Татбики ин хатсайрхо ба Точикистон имкон медихад, ки ба бандархои байналмилалии Чобахар (Эрон) ва Карачи (Покистон) дастрасии мустаким пайдо кунад.
Таваччухи махсус ба хамгироии лоихахои Миллии Точикистон ба ташаббуси “Як камарбанд – як рох” дода шуд, ки барои густариши хамкорихои иктисоди ва наклиёти дар минтака имкониятхои нав фарохам меорад.
АКСХО: аз манбаъхои кушода