Душанбе: Ширкати Чинӣ лоиҳаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард – ИА Караван Инфо
Душанбе: Ширкати Чинӣ лоиҳаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард

14 сентябри соли 2024 дар Душанбе вохӯрии муовини раиси шаҳр Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Толиб Раҳимзода бо намояндагони ширкати чинии “Xiongan times Technology Group Co., LTD Abit investment (Hong Kong) Co., LTD” баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои муомила бо партовҳои хонагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ширкати Чинӣ лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард ва таъкид кард, ки истифодаи дубораи партовҳо барои рушди устувор муҳим аст.

Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣро баррасӣ карда, таваҷҷӯҳи мутақобила ба амалисозии ин лоиҳаро изҳор доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

error: