Душанбе, 04 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 дар сатҳи 8,4 фоиз асосан ба рушди фаъоли соҳаи саноат ва болоравии талаботи дохилӣ вобаста будааст. Дар ин бора дар Макрообзори Бонки авруосиёии рушд (ЕАБР) зикр мешавад.

Тибқи маълумоти таҳлилгарони Бонк, ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар давоми сол ба андозаи 22,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Саҳми асосӣ ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок рост меояд, ки рушди он 36,2 фоиз-ро ташкил додааст.
Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард — 10,5 фоиз, ва дар соҳаи энергетика — 13 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба арзёбии мутахассисони ЕАБР, талаботи дохилӣ дар рушди иқтисод нақши калидӣ бозидааст. Инро афзоиши фурӯши чакана ба андозаи 14,4 фоиз ва болоравии сармоягузорӣ — 23 фоиз тасдиқ мекунад.
Афзоиши талаботи дохилӣ мустақиман бо зиёдшавии даромади аҳолӣ алоқаманд дониста мешавад. Музди меҳнати воқеӣ дар моҳҳои январ–ноябри соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 15,6 фоиз зиёд шудааст.
Илова бар ин, дар гузориш аз афзоиши назарраси интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ёдоварӣ мешавад — 50 фоиз дар ифодаи долларӣ дар моҳҳои январ–сентябри соли 2025.
Тибқи дурнамои ЕАБР, суръати баланди рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2026 низ нигоҳ дошта шуда, дар сатҳи 8,1 фоиз пешбинӣ мегардад.

Зикр мегардад, ки пас аз коҳиши суръати рушд дар соли пандемии 2020 (то 4,5 фоиз), иқтисоди кишвар дар панҷ соли охир бо суръати нисбатан баланд рушд мекунад.
Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон дар соли 2024 ба 5,8 миллиард доллар расида, 45,4 фоизи ММД-и кишварро ташкил додааст, ки нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Маълумот барои соли 2025 ҳанӯз дастрас нест.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб омори расмии интиқоли маблағҳои шахсони воқеиро нашр намекунанд, ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ чунин маълумот махфӣ ҳисобида намешавад.
АКС: https://eabr.org/
