Душанбе, 19 июн, АИ «Караван Инфо». Гимнастхои точик дар Мусобикахои Байналмилали оид ба гимнастикаи бадеи, ки санаи 14-15 июн дар Тошканд баргузор гардид, ба натичаи назаррас ноил гардиданд. Варзишгарони чавон дар мачмуъ 15 медал, аз чумла 12 тилло, 2 нукра ва 1 биринчи ба даст оварданд, ки сатхи баланди тайёри ва иктидори афзояндаи гимнастикаи бадеиро дар кишвар равшан нишон доданд.

Тавре дар муассисаи давлатии “мактаби махсуси варзишии захираи олимпии #1” – и шахри Душанбе хабар доданд, хамаи галабахо аз чониби тарбиятгирандагони он, ки Точикистонро тахти рохбарии сармураббии Федератсияи гимнастикаи бадеии кишвар Мичгона Шарифова намояндаги менамуданд, ба даст оварда шуданд.
Дар мусобикахои бонуфуз гимнастхои чавон аз хашт кишвар — Точикистон, Русия, Узбекистон, Казокистон, Чопон, Озарбойчон, Таиланд ва Сингапур иштирок намуданд. Ин мусобика арсаи мухими байналмилали барои табодули тачриба, намоиши истеъдод ва дустии варзиши гардид.
Намоиши барчастаи дастаи точикистон самаранокии кори мактаби миллии гимнастикаи бадеиро таъкид намуда, барои иштирок дар мусобикахои ояндаи континентали ва чахони уфукхои нав мекушояд.
АКСХО: муассисаи давлатии “мактаби махсуси варзишии захираи олимпии # 1” – и шахри Душанбе