Душанбе, 06 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Файзи Истиқлол» ифтитоҳ ёфт. Ба тамошобинон зиёда аз 20 осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ки маҳсули эҷодиёти рассомони ҷавони кишвар мебошанд, пешниҳод гардид.

Дар намоиш 26 осор аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ба маъраз гузошта шуд: мусаввараҳо, кандакорӣ, ҳунари хотамкорӣ, намунаҳои либосҳои миллии замонавӣ ва кундал. Ҳамаи онҳо маҳсули дасти ҳунармандони ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Дар байни асарҳо «Варзоб», «Дарёи Бадахшон», «Духтарак ва натюрморт», «Шаҳри ман», «Шоми Душанбе», инчунин осори иштирокчиён ва ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» — «Тоҷикистон», «Нақши миллӣ» ва дигарон ҷой доранд. Онҳо зебоии табиат, ҳувияти миллӣ ва мероси фарҳангии кишварро инъикос менамоянд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки барои озодии эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамин муҳит имкон дод, ки рассомони ҷавон бо истифода аз равияҳои постмодернистӣ ва авангардӣ услуби вижаи худро ба вуҷуд оварда, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои тоҷиконро бо забони санъат муаррифӣ кунанд.
Ҳадафи асосии намоиш шинос намудани ҷомеа бо эҷодиёти рассомон ва ҳунармандони ҷавон ва муаррифии шоистаи онҳо ба табақаҳои гуногуни мардум арзёбӣ мегардад.
Намоиши «Файзи Истиқлол» то 15 сентябри соли 2025 идома хоҳад ёфт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон