Сулхи Байни Исроил ва ХАМОС дубора эътибор пайдо кард, ки ба сокинони Кисми шимолии Газза имкон дод, ки ба хонахои худ баргарданд. Хазорон фаластинихо бори аввал дар 15 мохи охир аз коридори Нецарим ба шимоли анклав шитофтанд.

Сарвазири Исроил Бинемин Нетаняху тасдик кард, ки гуфтушунидхо бо ХАМАС аз сар гирифта шуданд ва созишномаи оташбас боки мемонад. ХАМАС ухдадор шуд, ки то охири хафта шаш гаравгонро озод кунад.
Дар байни гаравгонхое, ки ХАМАС ният дорад озод кунад, Арбел Яхудо, хизматчии Харби Агам Бергер ва як шахрванди дигар мебошанд. Онхо бояд рузи панчшанбе ба чониби исроил дода шаванд. Се гаравгони дигар рузи шанбе озод карда мешаванд.
Дар доираи созишномахо, Исроил каблан садхо махбусони фаластиниро аз зиндонхо озод карда буд. Бо вучуди ин, чангиени ХАМАС то хол такрибан 90 гаравгон, аз чумла кудакон ва занонро нигох медоранд. Такдири баъзеи онхо, ба монанди оилаи Бибас, номаълум боки мемонад.
Дар пасманзари баркарор кардани сулх, президенти собики ИМА Доналд Трамп пешниход кард, ки фаластинихо муваккатан аз Газза ба кишвархои хамсоя кучонида шаванд ва анклавро “чойи вайроншави”номид. Аммо Миср ва Урдун ин ташаббусро шадидан махкум карда, гуфтанд, ки ин карор ба субот дар минтака тахдид мекунад.
Вазорати корхои хоричии Миср таъкид кард, ки хама гуна амалхое, ки ба кучонидани мачбурии фаластинихо равона шудаанд, дурнамои халли сулхомези низоъро халалдор мекунанд.
Чанги Байни Исроил ва ХАМОС мохи октябри соли 2023 пас аз хамлаи чангиен ба каламрави исроил огоз ефт. Дар натичаи хамла такрибан 1200 нафар кушта ва зиеда аз 250 нафар гаравгон гирифта шуданд. Чавоби Исроил бомбаборони васеъмикес ва амалиети замини дар Газза буд.
Тибки Маълумоти Вазорати Тандурустии Газза, дар ин низоъ беш аз 46 000 нафар, аз чумла занону кудакони зиеде кушта шуданд. Аммо ин маълумот байни чангиен ва гайринизомиен фарк намекунад.
Сулх умед ба кохиши танишхо дар минтакаро эхе мекунад, аммо вазъи башардустона дар Бахши Газза мухим боки мемонад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода