Душанбе, 20 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Хатлон имкониятҳои густариши шарикӣ бо Фаронса дар самтҳои гуногун — аз илм ва маориф то кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

17 сентябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Эльза Пиньол мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот роҳбари вилоят имкониятҳои Хатлонро барои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ муаррифӣ намуд. Таъкид шуд, ки сайёҳӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои калидӣ барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба шумор мераванд.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла: 619 ёдгории қадимӣ, 96 ёдгории меъморӣ,225 ёдгории монументалӣ.
Бо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чор ёдгории нодир ба феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд: «Қалъаи Ҳулбук» (ноҳияи Восеъ), шаҳракпажӯҳи «Тахти Сангин» (ноҳияи Қубодиён),«Мадрасаи Хоҷа Машҳад» (ноҳияи Шаҳритус), монастири буддоии «Аҷинатеппа» (ноҳияи Вахш).
Сафири Фаронса Эльза Пиньол омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар бахши илм ва маориф иброз дошт. Аз ҷумла, сухан дар бораи таъсиси кафедраҳо ва ихтисосҳо бо таълим ба забони фаронсавӣ дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилоят меравад.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ширкатҳои фаронсавӣ метавонанд саҳми арзанда дар рушди соҳаи сайёҳии вилояти Хатлон гузоранд, ва ҳамчун шарики боэътимод дар иҷрои лоиҳаҳои ояндадор амал намоянд.
Тарафҳо иброз доштанд, ки омодаанд аз имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд ва барои роҳандозии ташаббусҳои муштарак талош намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
