Федератсияи футболи Точикистон барои сахмгузори дар рушди инфрасохтор бо чоизаи биринчии FIFA сарфароз гардид – ИА Караван Инфо
Федератсияи футболи Точикистон барои сахмгузори дар рушди инфрасохтор бо чоизаи биринчии FIFA сарфароз гардид

Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Федератсияи футболи Точикистон дар маросими бонуфузи Fifa Forward Awards, ки дар доираи Саммити футболи Фифа дар Майами (ИМА) баргузор шуд, чоизаи биринчи гирифт. Дар ин бора дар Федератсияи футболи Точикистон хабар доданд.

Мучассамаи биринчи ба намояндагони Точикистон шахсан аз чониби президенти федератсияи байналмилалии ассотсиатсияхои футбол (ФИФА) Чанни Инфантино супорида шуда, муваффакиятхои кишварро дар рушди устувори инфрасохтори футбол дар сатхи милли кайд намуд.

Чоиза барои лоихаи сохтмони маркази Техникии Федератсияи футболи Точикистон (ФФТ) барои дастахои мунтахаби милли дар нохияи Варзоб дода шудааст. Ин лоиха дар байни бисёр дархостхои байналмилали, ки аз чониби барномаи Fifa Forward – ташаббуси глобалии рушди футбол дар кишвархои дорои иктидори афзоянда пешниход шудааст, чои сеюмро ишгол намуд.

Маркази муосири техники дар Варзоб ба стандартхои ФИФА чавобгу буда, дар системаи омодасозии дастахои миллии Точикистон иншоти калиди мегардад. Мачмаа дорои блоки мехмонхона, майдончахои табии ва сунъии футбол, майдончахои омузиши ва инфрасохтори маъмури мебошад. Имрузхо корхои сохтмони дар мархилаи нихои карор доранд.

Гирифтани чоизаи Fifa Forward awards эътирофи талошхои Федератсияи футболи Точикистон оид ба навсозии пойгохи варзишии кишвар ва сахмгузори дар ташаккули экосистемаи устувори рушди футбол мебошад. Ин инчунин як хавасмандии иловаги барои пешбурди футболи кудакон ва наврасон, тайёр намудани мураббиён ва баланд бардоштани сатхи дастахои мунтахаб мебошад.АКСХО: Федератсияи футболи Точикистон

error: