Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе фестивал-намойиши либосҳои миллӣ таҳти унвони «Ганҷинаҳои мерос» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» доир шуд.

Фестиваль дар доираи «Ҷадвали баргузории тантанаҳо ва ҷашнвораҳо, фестивалу намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва озмунҳо, анъанаҳои мардумӣ ва ҳунарҳои дастӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон, аз ҷумла ҳунари офариниши либосҳои миллӣ, матоъҳои атласу адрас ва гулдӯзии чакан мебошад. Фестивал ҳамзамон ба баланд бардоштани маданияти истифодаи либоси миллӣ, ташвиқу тарғиби он миёни ҷавонон ва ҷомеа равона шудааст, то нишон дода шавад, ки либоси миллӣ рамзи зиндаи ҳувият ва мероси маънавии тоҷикон боқӣ мемонад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни ифтитоҳи фестивал таъкид намуд, ки ин чорабинӣ ба ҳифзи таърих ва фарҳанги қадима, баланд бардоштани сифати истеҳсоли либосҳои миллӣ ва муаррифии ҳунарҳои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташвиқу тарғиби чакан ва атлас ҳамчун рамзҳои нодири мероси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Имрӯз ин матоъҳои миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи бузургтарин чорабиниҳои фарҳангии кишвар мебошанд — аз ҷумла ҷашнвораҳои «Андалеб», «Чакомаи Гесу», «Сапеда», «Сад ранги чакан», фестивали байналмилалии мӯд «Диёри Ҳусн», инчунин таҷлили Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи истиқлол, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои муҳим.
Ғайр аз ин, матоъҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ густарда муаррифӣ мешаванд: дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷ, дар намоишгоҳҳо, сафоратхонаҳо ва ҷамъиятҳои дӯстӣ. Чакан ва атлас имрӯз на танҳо унсури худшиносии миллӣ, балки ҷузъи муколамаи ҷаҳонӣ гашта, саршор будани фарҳанги тоҷиконро ифода мекунанд.
Абрешими нозук, гулдӯзии зариву гулӣ ва тӯри дастӣ ба либосҳои миллӣ зебоӣ ва ҳусни хос мебахшанд ва ҳар як намоишро ба як энсиклопедияи зиндаи ҳунар ва маҳорат табдил медиҳанд.
АКС: Идораи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
