Остона, 19 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Муовини Сарвазир – вазири иқтисоди миллии ҶҚ Серик Жумангарин бо директори филиали донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Александр Сидорович мулоқот намуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат директори филиал оғози бомуваффақияти як қатор барномаҳои муосири магистрӣ, аз ҷумла “Технологияҳои ҳисоббарорӣ ва усулҳои зеҳни сунъӣ” ва “Идоракунии рушди камкарбонии шаҳрҳо ва минтақаҳо” – ро дар соли 2024 қайд намуд. Дар айни замон дар филиал 717 донишҷӯ таҳсил мекунанд ва дар солҳои 2025-2026 қабул ба бакалавриат дар самтҳои нав ба 90 ҷой васеъ намуда шудааст.
Александр Сидорович пешниҳод намуд, ки имконияти ташкили таҳсил дар соли таҳсили 2026 барои хизматчиёни давлатии блоки иқтисодӣ аз рӯи барномаи магистрии шомгоҳии ДДМ “иқтисоди Миллӣ ва сиёсати иқтисодӣ” ба мӯҳлати ду сол баррасӣ намуда шавад. Филиал омода аст, ки ташкили лексияҳоро барои омода намудани хизматчиёни давлатӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ баррасӣ кунад.
Дар натиҷаи мулоқот Серрик Ҷумангарин ба Вазорати иқтисоди миллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати молия ва ҶС “Институти тадқиқоти иқтисодӣ” супориш дод, ки имконияти ташкили чунин омӯзишро, аз ҷумла тартиби интихоби хизматчиени давлатиро ҳамаҷониба коркард намояд.
Аксҳо: Вазорати Иқтисоди ҶҚ
