Форуми байналмилалии иктисодии давлатхои иштирокчии ИДМ 28 март дар Москва баргузор мешавад.

“Чорабинии хамасола тасдиккунандаи макоми платформаи пешбари мубохисави руйдоди марказии кишвархои Иттиход барои мухокимаи масъалахои хамкории тичорат ва давлат дар заминаи чолишхои муосири иктисоди чахони ва минтакави хохад буд” гуфт кумитаи ташкилии форум.
Мухокимаи чорахои дастгирии давлатии лоихахои илми, инноватсиони ва сармоягузори, инчунин рушди занчирхои истехсоли ва логистикии авруосиё ба накша гирифта шудааст. Таваччух ба хавасмандгардонии хамкорихои иктисоди, тахияи ташаббусхои муштарак дар сохаи илм ва технология, фарохам овардани шароит барои татбики бомуваффакияти лоихахои инноватсиони равона намуда мешавад.
Дар назар аст, ки дар чаласаи умуми муовини Сарвазири Беларус Владимир Караник, муовини Сарвазири Русия Алексей Оверчук, муовини аввали Сарвазири Точикистон Хоким Холикзода, котиби Генералии ИДМ Сергей Лебедев, Раиси Коллегияи комиссияи иктисодии Авруосиё Бакитжан Сагинтаев, котиби давлатии Иттифоки давлати Дмитрий Мезенсев ва дигар спикерхо суханрони кунанд.
Дар доираи форум 8 мизи мудаввар бахшида ба дурнамои минбаъдаи хамгирои, инчунин мушкилоти пешрафти илмию технологи дар сохахои асосии иктисодиёти кишвархои ИДМ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки намояндагони шурохои сохавии ИДМ, кумитаи Ичроияи ИДМ, комиссияи иктисодии Авруосиё, Котиботи СХШ ва макомоти БРИКС иштирок кунанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода