Москва, 03 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Ракобат барои макоми президенти федератсияи байналмилалии шохмот (FIDE) дар ин сол хеле шиддат гирифт. Вазъияти манъи шохмот дар Афгонистон, ки метавонад дар интихоботи оянда накши мухим бозад, диккати махсусро ба худ чалб мекунад.

Сиесатшиноси афгон Чамшед Амири бар ин назар аст, ки изхороти ахири Русия дар бораи умеди бекор намудани манъи толибон бо муборизаи сиёси дар дохили FIDE алокаманд аст.
Ба акидаи у, Москва ба ин масъала таваччух дорад, зеро ракобати афзоянда байни президенти амалкунанда Аркадий Дворкович ва пешгузаштаи собики у Кирсан Илюмжинов, ки бори дигар ба макоми раиси федератсия даъво дорад.
“Афгонистон борхо дар мубориза барои курсии президенти FIDE як навъ тангаи табодули шудааст”, — кайд мекунад Амири. Каблан овози ин кишвар аксар вакт халкунанда буд ва Илюмжинов хатто шахсан ба Кобул ташриф меовард ва бо макомоти он чо робитахои зич дошт.
Мохи майи соли равон Дворкович изхори умедвори намуд, ки Макомоти Толибон манъи шохмотро аз нав барраси хоханд намуд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар паси ин хохиши кумак ба рушди варзиш аст. Дар ракобат хар як овози кишвари узви федератсия хеле мухим мегардад.
Дар холе ки толибон манъро нигох медоранд, аммо агар вазъ тагйир ёбад, он метавонад ба тавозуни куввахо дар созмони байналмилалии шохмот таъсири назаррас расонад.
Аксхо Fishki.net