Душанбе, 26 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаи таъмини устувори гармӣ дар шаҳри Душанбе тадриҷан аз доираи масъалаҳои сирф коммуналӣ берун рафта, ба унсури муҳими сиёсати дарозмуддати иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ табдил меёбад. Тасдиқи лоиҳаи «Таъмини гармӣ дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (ЕБРР) далели равшани ҳамин раванд аст.

Тибқи лоиҳа, 6 миллион доллар ҷудо мегардад, ки аз он 3 миллион доллар ҳамчун грант ва 3 миллион доллар ҳамчун қарзи имтиёзнок пешниҳод мешаванд. Дар ҷараёни баррасии парлумонӣ рӯзи 12 декабр ин нуктаро вакили Маҷлиси намояндагон Нигина Шарифзода таъкид кард. Ин тарзи маблағгузорӣ — ҳамзамон истифода бурдани грант ва қарз — равиши маъмулии ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ барои пуштибонӣ аз лоиҳаҳои иҷтимоии муҳим ба ҳисоб меравад.
Лоиҳа таҷдид ва густариши шабакаҳои гармидиҳӣ, пайваст кардани 193 бино ва иншоот, инчунин 8 истгоҳи насосӣ ба низоми марказонидаи гармидиҳиро дар назар дорад. Тибқи ҳисобҳо, то соли 2028 беш аз 500 ҳазор сокини пойтахт дар мавсими зимистон бо гармӣ беҳтар ва устувортар таъмин хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки ин ташаббус идомаи ҳамкории қаблӣ мебошад. Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ҳанӯз аз соли 2021 амал мекунад ва ҳуҷҷати кунунӣ ҳамчун созишномаи иловагии қарзӣ рӯзи 6 октябри соли ҷорӣ байни Вазорати молия, мақомоти шаҳри Душанбе, КВД «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе» ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ, татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки талафоти энергияи гармӣ муайян ва коҳиш дода шавад, сатҳи садамаҳо дар шабакаҳо паст гардад ва арзиши аслии истеҳсоли гармӣ кам шавад. Ҳамзамон, коҳиши партовҳои гази карбон (CO₂) дар назар аст, ки ба ҳадафҳои экологӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар мувофиқ мебошад.
Айни замон зиёда аз 43 фоизи хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва корхонаҳои Душанбе бо таъминоти марказонидаи оби гарм фаро гирифта шудаанд. Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2025–2026 ба шабакаи гармидиҳӣ тақрибан 3 300 иншоот пайваст буданд.
Бо вуҷуди пешрафтҳо, мушкили сифати гармидиҳӣ дар баъзе минтақаҳои пойтахт ҳамоно нигаронкунанда аст. Сокинон ҳамасола аз нокифоя будани гармӣ шикоят мекунанд. Санҷиши ахири Агентии назорати энергетикӣ нишон дод, ки ҳарорати интиқолдиҳандаи гармӣ дар бархе нуқтаҳо тақрибан 55 дараҷа мебошад, дар ҳоле ки меъёри муқаррарӣ 75 дараҷаро ташкил медиҳад.
Таъсисоти электретермалӣ «Душанбе-2»
Фото: Asia-Plus
