Остона, 3 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Президенти кумитаи Миллии Олимпии Казокистон Геннадий Головкин бо Вакили Мачлиси Парламенти ЧК Магеррам Магеррамов дар дафтари КОМ вохурии кори баргузор намуд.

Дар чараёни муколама чонибхо самтхои асосии рушди харакати олимпи дар кишвар, аз чумла тахкими мавкеи Казокистон дар арсаи байналмилалии варзиши ва баланд бардоштани ракобатпазирии варзиши ватаниро барраси намуданд.
Ба масъалахои барномахои таълими барои варзишгарон ва мураббиён, инчунин рушди шарики бо ташкилотхои байналмилали, ба монанди шурои Олимпии Осиё ва кумитаи Байналмилалии Олимпи диккати махсус дода шуд.
Иштирокчиёни вохури инчунин ба ташаббусхои конунгузори дар сохаи варзиш диккат доданд. Чонибхо зарурати муносибати муназзамро ба халли як катор масъалахо кайд намуда, омодагии худро барои хамкории минбаъда барои рушди устувори сохаи варзиш изхор намуданд.
Аксхо: КОМ ЧК