Душанбе, 13 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Институти 10 декабр куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи геологияи тоҷик чорумин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш олимон, коршиносон ва мутахассисони чанд кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои муҳими соҳа — аз такмили корҳои геологоҷустуҷӯӣ ва тайёркунии мутахассисони баландихтисос то ворид намудани технологияҳои рақамӣ, барномаҳои муосир ва усулҳои нави таҳлили геологӣ — мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи хоса ба баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи IT-технологияҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ зоҳир карда шуд.
Ректори Институти куҳӣ-металлургӣ Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки истиқлоли давлатӣ нуқтаи ибтидоии рушди босуръати соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла геология гардид. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳ ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти минбаъдаи геологияро таъмин менамояд.
Дар ҳамоиш суханони Пешвои миллат боз иқтибос гардиданд:
«Омӯзиш ва истихроҷи канданиҳои фоиданок кори осон нест. Барои ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди онҳо заҳмати калон, хароҷот ва вақт лозим аст».
Ин суханон масъулияти бузурги мутахассисони соҳа ва аҳамияти стратегии геологияро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — индустрикунонии босуръати кишвар — таъкид мекунанд.
Барномаи конфронс маърузаҳо дар мавзӯъҳои «Нақши зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир» ва «Истифодаи моддаҳои фоъоли рӯйизаминӣ барои кам кардани талафоти карбогидридҳои сабук дар нафтугаз»-ро дар бар гирифт.
Коршиносон зикр карданд, ки технологияҳои рақамӣ имрӯз ба ҷузъи ҷудонашавандаи геология ва саноати куҳӣ мубаддал мешаванд.
Дар шакли онлайн директори Институти геологии Британия, профессорон аз Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ва Институти омӯзиши захираҳои обии Нидерланд ширкат намуданд. Иштироки онҳо ба конфронс мақоми байналмилалӣ бахшид ва ҳамкориҳои илмии Тоҷикистонро густариш дод.
АКС: Институти куҳӣ-металлургии Тоҷикистон
