Парлумони Гренландия конунеро кабул намуд, ки маблаггузории хоричии хизбхои сиёсиро дар пасманзари тарси дахолати беруна пеш аз интихоботи 11 март манъ мекунад. Карор бо изхороти Президенти собики ИМА Доналд Трамп, ки каблан нияти тахти назорати Амрико гирифтани чазираро изхор намуда буд, алокаманд аст.

Конун дар бораи “беайбии низоми сиёси” рузи сешанбе эътибор пайдо намуд. Он ба хизбхои махалли ва иттиходияхои чавонони онхо гирифтани хайрия аз донорхои хоричи ва беномро манъ мекунад ва инчунин хайрияхои дохилиро ба маблаги 200 000 дания (17 170 евро) барои хизбхо ва 20 000 крон (1 717 евро) барои шахсони хусуси махдуд мекунад.
Кент Фридберг, корманди калони хукуки дар парлумони Гренландия: “ин асосан як чораи пешгирикунанда аст, бо назардошти таваччухи афзояндаи геополитики ба Гренландия”.
Конунгузорон инчунин, хариди заминро ба хоричиён махдуд намуданд: холо онхо бояд хадди аккал ду сол пеш аз гирифтани хукуки хариди амвол дар Гренландия зиндаги кунанд.
Сарвазири Чазира Муте Эгреде изхор дошт, ки Гренландия “фурухта намешавад” ва ба вахдати милли даъват намуд. Тибки назарсанчи, 85% сокинони чазира зидди пайвастан ба ИМА хастанд, дар холе ки танхо 6% ин акидаро дастгири мекунанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода